Боздошти ду ҷавон дар шаҳри Норак ба иттиҳоми фурӯши долларҳои қалбакӣ
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавон 17 ва 23 -солаи сокини шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба иттиҳоми фурӯши 7 ҳазору 800 доллари қалбакӣ хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин ду нафар дар моҳҳои март то апрел ин долларҳои тақаллубиро аз марди 28 солаи дигаре дар ин шаҳр дарёфт карда ва ба ду муштарии 28 ва 45- сола фурӯхтаанд.
Гуфта мешавад, ки аз ин ду муттаҳам 7 ҳазору 800 доллари қалбакӣ кашф ва забт шудааст.
Мақомоти қазоӣ алайҳи ин ду нафар ва ҳамдасташон ба иттиҳоми таҳия ва фурӯши пулҳои тақаллубӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанду таҳқиқот дар ин бора идома дорад.
Мақомоти полис дар пайи он ҳастанд, ки мушаххас шавад ин миқдор доллари тақаллубӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид шуда ва ё дар дохили ин кишвар таҳия шудааст.
Бештар бихонед: