Замони оғози тазриқи ваксинаи корона дар вилояти Суғд мушаххас нест
(last modified Wed, 21 Apr 2021 07:48:56 GMT )
Апрел 21, 2021 12:48 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон бо кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ 192 ҳазор доза ваксинаи Astraznka / Oxford ворид кардааст
    Тоҷикистон бо кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ 192 ҳазор доза ваксинаи Astraznka / Oxford ворид кардааст

Бо вуҷуди тазриқи ваксинаи корона ба 12 ҳазору 380 нафар аз коркунони бахши дармон, муаллимон, кормандони фурудгоҳ ва меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе, ҳанӯз дар вилояти Суғд ин барнома оғоз нашудааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Порсо,  мудири маркази беморҳои вогири идораи тандурустии вилояти Суғд Ҷаннатой Набиева гуфтааст, ки наздик ба як моҳ мешавад   шеваи тазриқи ваксинаи корона ба кодри дармонӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон омӯзиш дода мешавад.

Замони дақиқи оғози тазриқи ваксинаи корона ба сокинони вилояти Суғд ҳанӯз мушаххас нашудааст. 

Ин дар ҳолест, ки аз рӯзи 23 марти имсол дар шаҳри Душанбе тазриқи ваксинаи АстраЗенека/Оксфорд, ки бо кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ 192 ҳазор доза аз он ба Тоҷикистон ворид карда шуда оғоз шудааст. 

Кадри дармонӣ, муаллимон ва афроди солхӯрда дар авлавияти тазриқи ваксинаи корона ҳастанд. 

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Чин барои ирсоли 150 ҳазор доза ваксинаи ройгони  коронаи  сохти ширкати чинӣ " Синувок " мувофиқат кардааст. 

Ҳамчунин гуфтугӯ бо Русия барои дарёфти ваксинаи Спутник  V оғоз шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп