Октябр 24, 2016 11:16 Asia/Dushanbe
  • Зарурати сохти сареътари роҳи оҳани Душанбе-Ҳирот-Машҳад

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон бар зарурати суръат бахшидан ба сохти роҳи оҳани Душанбе-Ҳирот-Машҳад таъкид кард.

Ба иттилои сайти Азия-Плюс, Абдуғанӣ Маҳмадазимов бо ишора ба рақобатҳои физояндаи геополитикӣ дар минтақа, таваҷҷуҳи бештари масъулони давлатӣ дар Тоҷикистон барои сохти роҳи оҳани Душанбе-Ҳирот-Машҳадро хостор шудааст .

Азимов бо ишора ба нақши ин масири муҳими байналмилалӣ дар тарҳи эҳёи ҷоддаи торихии Абрешим афзуд: Қудратҳои бузург талош мекунанд, ки дар ин масир чанд гузинаро ироя кунанд, ки яке аз ин тарҳҳо сохти роҳи оҳани Қошғар аз Чин ба Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон аст ва ҳамзамон бархе аз кишварҳо низ саъй доранд, ки бо давр задани Тоҷикистон ин масирро аз Чин ба Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон ва Эрон мунҳариф кунанд .

Ин коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон гуфт: Агар тарафҳои дахил дар ин ду тарҳ гузинаи дуввумиро интихоб кунанд, Тоҷикистон ҳамонанди шароити феълӣ ба муддати тӯлонӣ дар инзивои ҷуғрофиёӣ ва бидуни дастрасӣ ба обҳои озод боқӣ хоҳад монд .

Ба гуфтаи Азимов, ин дар ҳолест, ки минтақаи Бадахшони Тоҷикистон бо захоири азими маодин ва фулузоти гаронқиммат метавонад ҳалқаи иттисоли муҳиме дар масири рейлии миёни Чин, кишварҳои қаламрави Авруосиё ва Афғонистон ва Эрон бошад .