Апрел 24, 2021 18:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳар чаҳор маврид бар асоси як банд аз қонуни ҷиноии Тоҷикистон бо унвони фиребкорӣ баррасӣ мешавад
    Ҳар чаҳор маврид бар асоси як банд аз қонуни ҷиноии Тоҷикистон бо унвони фиребкорӣ баррасӣ мешавад

Вакили мудофеъи Иззат Амон, мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар пайи ихроҷ аз Русия дар Душанбе боздошт ва ба боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мунтақил шудааст, аз пазириши 4 мавриди иттиҳом аз сӯи вакили мудофеаш хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, Саидбурҳон Шарипов гуфтааст, ки ҳар чаҳор маврид барасоси як банд аз Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ки тақалубкории молӣ мебошад, баррасӣ мегардад.

Аммо вакили мудофеъи Иззат Амон талош дорад, ки парвандаи муваккилашро барасоси қонуни афви соли 2019 дар Тоҷикистон, ки дар сурати ҷуброни хисороти молӣ ва ҷазби ризояти шикояткунандагон озод созад, омодаи баррасӣ дар додгоҳ кунад. Чанде пеш додгоҳи шаҳри Маскав бо судӯри ҳукме, гузарномаи русии Иззат Амонро лағв ва ӯро бар асоси банди 18 қонуни ҷиноии Русия марбӯт ба нақзи қавонини кору зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохти ҷарима ва истирдод ба Тоҷикистон маҳкӯм кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки алайҳи ин шаҳрванди тоҷик ба иттиҳоми тақаллубкорӣ парвандаи қазоӣ, ташкил ва ӯ ба маҳзи вурӯд ба Душанбе боздошт шудааст.

Иззат Амон, донишомӯхтаи Донишгоҳи Академияи илмҳоии сиёсии Вазорати хориҷаи Русия аст, ки дар соли 1996 табааи ин кишвар шуд ва аз соли 2000 сокини Маскав буд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп