Дидори сафири Тоҷикистон бо вазири маъдан ва нафти Афғонистон
(last modified Sun, 25 Apr 2021 11:53:58 GMT )
Апрел 25, 2021 16:53 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон бо вазири маъдан ва нафти Афғонистон
    Дидори сафири Тоҷикистон бо вазири маъдан ва нафти Афғонистон

Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон бо вазири маъдан ва нафти ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Эки пресс сафири Тоҷикистон дар «Кобул »  Саъдии Шарифӣ   бо вазири маъдан ва нафти Афғонистон « Муҳаммад Ҳоруни Чахонсурӣ » дидор кард.

 

Дар ин  мулоқот  мавзӯи густариши ҳамкории байни Вазорати саноат ва технологияҳои ҷадид, идораи заминшиносии Тоҷикистон ва вазорати маъдан ва нафти Афғонистон дар заминаи истифодаи беҳина аз манобеи энержӣ, маводи маъданӣ, нафту газ, сангҳои қимматбаҳо ва табодули таҷрибаи байни ду кишвар, баҳс ва баррасӣ шуд.

Шарифӣ дар бахше аз суханони худ таъкид кард: Ҳадафи мо эҷоди ҳамкории густарда дар заминаи таъмини нафти хом барои полоишгоҳи нафти «Данғара» устони Хатлони Тоҷикистон ( бо зарфияти коркарди як миллиону дусад ҳазор тонна нафти хом дар сол) аст. 

Чахонсурӣ низ Тоҷикстонро кишвари дӯсти Афғонистон донисту омодагии худро барои ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо бо ин кишвар эълом кард.

Дар ин мулоқот ҳамчунин мавзӯи омодасозии мутахассисон дар бахши иктишоф ва истихроҷи маъдан баррасӣ шуд. 
  
  
  Бештар бихонед: