Апрел 26, 2021 18:55 Asia/Dushanbe
  • Сабаби коҳиш ёфтани хариди Ширкати барқи Тоҷикистон аз нерӯгоҳи Сангтӯда 1 қарзи ин ширкат аст
    Сабаби коҳиш ёфтани хариди Ширкати барқи Тоҷикистон аз нерӯгоҳи Сангтӯда 1 қарзи ин ширкат аст

Дар се моҳи аввали соли равон Ширкати давлатии барқи Тоҷикистон ҳамагӣ 32,4 фоизи нерӯи барқи истеҳсолкардаи нерӯгоҳи Сангтӯд 1-ро харидорӣ кардааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, дар се моҳи нахусти соли 2021 дар ин нерӯгоҳи барқи обӣ 556 миллион киловатт  соат барқ тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 45 миллион киловатт  соати коҳиш нишон медиҳад.

Далели коҳиши хариди барқи ин нерӯгоҳ аз сӯи Ширкати Барқи тоҷик қарзи ин ширкат аст ки дар се моҳи нахусти соли 2021 бо 136 миллион сомонӣ афзоиш ба як миллиарду 73 миллион сомонӣ расидааст. 

Ба далели нотавонии Ширкати давлатии Барқи тоҷик барои пардохти бамавқеи пули барқи тавлидшуда дар ин нерӯгоҳ борҳо мавзӯи пайдо кардани харидорони хориҷӣ ва фурӯши барқ ба дигари кишварҳо матраҳ шудааст, ки токунун ба ҷое нарасидааст. 

 

  
  Ҳарчанд, ки бар асоси созшномаи байни Русия ва Тоҷикистон  ин банд дар тавофуқоти дуҷониба зикр шудааст. 

Ин дар ҳолест, ки аз оғози соли 2021 дар манотиқи рустоии Тоҷикистон барқ маҳдуд мешаваду сокинони манотиқи рустоӣ танҳо аз соати 5 субҳ то 23 шаб барқ доранд. 

Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 1 ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст дар соли 2009 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидӣ дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистонро ба худ ихтисос додааст. 
  
Русия  75 дарсад ва Тоҷикистон  25 дарсад аз саҳҳоми молии нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 1-ро дар ихтиёр доранд. 
  
    Бештар бихонед:

Барчасп