Русия ва Тоҷикистон системаи муштараки дифои ҳавоӣ ташкил медиҳанд
Апрел 27, 2021 17:36 Asia/Dushanbe
Вазирони дифои Русия ва Тоҷикистон тавофуқномаи иттиҳоди сомонаҳои дифои ҳавоии ду кишварро имзо карданд.
Ба гузориши ИРНА, ин тавофуқнома рӯзи сешанбе дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони дифои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе байни ду тараф ба имзо расид.
Сергей Шоӣгу гуфт. ки Анҷумани дифои ҳавоии Русия ва Тоҷикистон ба беҳбуди амнияти марзҳои давлатӣ дар осмон кумак мекунад.
Вай ҳамчунин намояндагони гуруҳи дифоии Тоҷикистонро ба конфронси Маскав дар мавриди амнияти байналмилал, Маҷмаи байналмилалии фаннӣ, низомӣ ва бозиҳои байналмилалии артиш даъват кард.
Ҳамчунин музокироти бештаре байни ду тараф бидуни ҳузури расонаҳо анҷом шуд.
Бештар бихонед:
- Авзоъи Афғонистон: мавзӯи аслии дидори Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони хориҷаи СПАД
- Вазири дифои Русия ба Тоҷикистон сафар кард
Барчасп