Апрел 27, 2021 19:14 Asia/Dushanbe
  • Бар асоси фармонҳои ҷадиди раисиҷумҳур тағйироти кадрии ҷадид дар Тоҷикистон иҷро шуд
    Бар асоси фармонҳои ҷадиди раисиҷумҳур тағйироти кадрии ҷадид дар Тоҷикистон иҷро шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон сафир ва намояндаи ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳидро барканор ва дар сохтори кадрии чанд вазоратхона ва ниҳод низ тағйироте ворид кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар идомаи тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон бар асоси фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 27 апрел имзо шуд, Муҳаммадамин Муҳаммадаминов аз мақоми сафир ва намояндаи кишвар дар СММ барканор ва Ҳикмат Исмоил ҷонишини вай мансуб шудааст.

Ҳамчунин Содиқ Имомӣ, ки то чанд рӯз қабл сафири Тоҷикистон дар Узбекистон буд ва Фарҳод Салим, ки панҷ моҳи пеш аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Амрико барканор шуда буд, дар мақоми муовинони вазири корҳои хориҷаи кишвар фаъолият хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо имзои фармони дигарие Муродулло Давлатзодаро аз мақоми мудири Маркази исломшиносии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон барканор ва Абдураҳим Холиқзодаро, ки намояндаи Маҷлиси қонунгузории кишвар аст, ба ин мақом мансуб кард.

Холиқзода то соли 2015 мудирияти ин марказро бар ӯҳда дошт.

Аз сӯи дигар чанд мақоми Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон аз мақомҳои хеш барканор ва афроди дигаре ба ҷои онон таъин шудаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп