Эҳзори сафири Қирғизистон ба вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон
(last modified Thu, 29 Apr 2021 07:38:29 GMT )
Апрел 29, 2021 12:38 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар эътироз ба рафтори марзбонони қирғиз дар қиболи ду кӯдаки тоҷик, сафири Бишкекро эҳзор кард
    Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар эътироз ба рафтори марзбонони қирғиз дар қиболи ду кӯдаки тоҷик, сафири Бишкекро эҳзор кард

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар эътироз ба рафтори ғайриқонӯнии марзбонони қирғиз дар қиболи ду кӯдаки тоҷик, сафири Қирғизистон дар Душанберо эҳзор кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Музаффар Ҳусайнзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар эътироз ба ин рафтори ғайриқонӯнӣ, ёддошти эътирозомез ба Жениш Рустамбеков, сафири Қирғизистон дар Душанбе таҳвил дод ва ин гӯна иқдомоти ғайриқонуниро заминасози эҷоди таниш дар минтақаи марзӣ тавсиф кард.

Дар ин ёддошт, Душанбе бо ибрози нигаронии амиқ аз иқдомоти ғайриқонӯнии марзбонони қирғиз дар қиболи ду кӯдаки тоҷик дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара дар вилояти Суғд хостори муҷозоти фаврии муҷримон ва эъломи натиҷа ба Тоҷикистон шудааст.

25 апрел нерӯҳои марзии Қирғизистон ду кӯдаки чӯпони тоҷикро, ки дар ҳоли нигаҳдорӣ аз дом буданд, рабуданд ва мавриди лату куб қарор доданд.

Ба гуфтаи сокинони ҷамоати Ворух, ин кӯдакон ба далели ҳузур дар манотиқи мавриди мушоҷираи ду кишвар, ки дар кантроли Тоҷикистон қарор дорад, лату куб шудаанд.

 

Бештар бихонед: