Музокираи мақомоти Тоҷикистон ва Русия барои дарёфти ваксинаи «Спутник V »
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i66190-Музокираи_мақомоти_Тоҷикистон_ва_Русия_барои_дарёфти_ваксинаи_Спутник_v
Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози музокирот барои дарёфти «Спутник V » бо Русия хабар доданд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 29, 2021 17:34 Asia/Dushanbe
  • Интизор меравад баъд аз сабти ном ва дар поёни музокирот ваксинаи русӣ ба Тоҷикистон ворид шавад .
    Интизор меравад баъд аз сабти ном ва дар поёни музокирот ваксинаи русӣ ба Тоҷикистон ворид шавад .

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози музокирот барои дарёфти «Спутник V » бо Русия хабар доданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон, муовини аввали вазири тандрустии Тоҷикистон бо намояндагони Сандуқи мустақили сармоягузории Русия дар мавриди дарёфти ваксинаи корона, гуфтугу кард .

   Ин аввалин музокираи мақомоти Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо масъулони Сандуқи мустақили сармоягузории Русия дар мавриди сабти ном ва дарёфт ваксинаи «Спутник V » аст .

  Интизор меравад баъд аз сабти ном ва дар поёни музокирот ваксинаи русӣ ба Тоҷикистон ворид шавад .

  8 марти соли ҷорӣ дар чорчуби барномаи « Ковакс » аввалин маҳмулаи ваксинаи « Астра Зенека » ба Тоҷикистон ворид шуд .

 Оғози ваксинасияи умумӣ дар Тоҷикистон  23 марти имсол оғоз шудааст .

 

  Бештар бихонед :