Мусобиқаи футболи тимҳои Истиқлоли Тоҷикистону Олмалиқи Узбакистон
Апрел 29, 2021 19:43 Asia/Dushanbe
Дар идомаи мусобиқоти футболи Лигаи қаҳрамонии бошгоҳҳои Осиё, Истиқлоли Тоҷикистон ба масофи Олмалиқи Узбакистон меравад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федерасиюни футболи Тоҷикистон ин дидор дар гурӯҳи A пагоҳ 30 апрел баргузор мешавад .
Тими футболи Истиқлоли шаҳри Душанбеи Тоҷикистон пеш аз ин дар марҳалаи панҷуми рақобатҳо тавонист тими футболи Шабоб Алаҳлии Аморотро бо натиҷаи 1 бар 0 аз пеши рӯ бардорад .
Манучеҳр Ҷалилов танҳо голи тими Истиқлоли шаҳри Душанберо дар ин бозӣ ба самар расонд .
Тими Истиқлол бо 5 бозӣ ва касби 10 имтиёз дар садри тимҳои гурӯҳи A қарор дорад .
Бештар бихонед :
Барчасп