Апрел 29, 2021 21:27 Asia/Dushanbe
  • Бинобар суханони намояндаи тиҷории Русия  қисмате аз ин таҷҳизот ба бахши пизишкӣ таъаллуқ хоҳад дошт .
    Бинобар суханони намояндаи тиҷории Русия қисмате аз ин таҷҳизот ба бахши пизишкӣ таъаллуқ хоҳад дошт .

Намояндаи тиҷории Русия аз арзаи таҷҳизоти пешрафта ба Тоҷикистон хабар дод .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз АКИ пресс ин мавзӯъ дар мулоқоти Евгений Коренков-намояндаи тиҷории федерасиюни Русия ва Николай Никулин- намояндаи аршади Бонки тавсеъаи Авруосиё матраҳ шуд .

  Дар ин дидор ба раёсати Бонки тавсеъаи Авруосиё пешниҳоди мушорикат дар иҷрои теъдоде аз тарҳҳо дар заминаи арзаи таҷҳизоти фаннии сохти Русия ба Тоҷикистон ироа шуд .

Бинобар суханони намояндаи тиҷории Русия  қисмате аз ин таҷҳизот ба бахши пизишкӣ таъаллуқ хоҳад дошт .

Дар ин музокирот тарҳҳои сармоягузории дар ҳоли иҷро дар Тоҷикистон мавриди тавваҷуҳи вижа қарор гирифт .

Тарафҳо ҳамчунин раванди иҷрои тасмимоти ҳафдаҳумин иҷлоси комиссиюни байнидавлатии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд.

Қабл аз ин низ Коренков эълом карда буд, ки ширкатҳои русӣ қасд доранд ба давлати Тоҷикистон дар сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун кумак кунанд .

 

 Бештар бихонед :

 

Барчасп