Тоҷикистон ва Қирғизистон тавофуқи оташбас имзо карданд
Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи даргириҳои марзӣ рӯзи гузашта миёни ду кишвар, ки шумори зиёде кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт бар сари эъломи оташбас тавофуқ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар даргириҳои мусаллаҳонаи миёни ду тараф, ки рӯзи гузашта дар минтақаи марзии «Ботканд »-и Қирғизистон ва «Ворух »-и Тоҷикистон иттифоқи афтод, расонаҳои қирғизӣ аз кушта шудани дастикам 13 нафар ва захмӣ шудани 134 нафар хабар доданд ва манобеи тоҷикӣ теъдоди кушташудагонро 10 нафар ва маҷрӯҳонро беш аз 90 нафар эълом кардаанд.
Дар баёнияи муштараки ду тараф, ки аз сӯи Раиси комитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саидмӯъмин Ятимов ва Омурбек Субҳоналиев, намояндаи томулихтиёри давлати Қирғизистон дар устони «Ботканд » ба имзо расидааст, ба таври мушаххас ба нукоти мавриди тавофуқ ишора шудааст.
Поён додан ба даргириҳои мусаллаҳона, бозгардондани таҷҳизоти низомӣ ба маконҳои истиқрори доимии худ, анҷоми иқдомоти лозим барои ҷилавгирӣ аз ташдиди танишҳо, эҷоди коргурӯҳи муштарак аз кормандони сохторҳои низомӣ, амниятӣ ва мақомоти иҷроии ду кишвар ба манзури иҷрои комили иқдомоти барномарезӣ шуда ва эҷоди шароити муносиб барои пешрафти музокирот аз муҳимтарин меҳварҳои тавофуқи оташбаси байни Душанбе ва Бишкек аст.
Бештар бихонед: