Май 01, 2021 17:28 Asia/Dushanbe

Коршиноси масоили сиёсии тоҷик гуфт, давлати ҷадиди Бишкек аз даргирии марзӣ ахир барои сарпӯши гузоштан бар авзоъи нобасомони иқтисодии Қирғизистон ва мунҳариф кардани афкори умумӣ истифода мекунад.

Қосим Бекмуҳаммад рӯзи шанбе дар бораи решаи иттифоқоти ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт: «бо камоли таассуф дар Қирғизистон аз соли 2005 ба ин тараф, яъне аз замоне, ки инқилобҳои рангӣ ва кудатҳо роҳ афтодандува чандин раисиҷумҳур соқит шуданд ва ҳаллу фасли масоили дохилӣ аз роҳи тазоҳуроту фишор ба натиҷа рисонда шуд, давлатҳо ҳамеша дар баробари гурӯҳҳоу мухолифони сиёсӣ эҳсос заъф мекунанд ва нигаронанд. Ин вазъияти суроғи раисиҷумҳури имрӯзи Қирғизистон омадааст.»

Вай афзуд: «шароите, ки дар пайи ҳамагирӣ корона дар Қирғизистон иҷро шудааст, шароити бисёр сангине аст. Вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум ногувор шуда ва мардуми қирғиз, ки ҳамеша аз назари иқдомоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ фаъол будаанд, бекор нахоҳанд нишаст  ва гиребони давлатро хоҳанд гирифт то авзоъро беҳтар кунад.»

Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, дар ҳоли ҳозир давлати Бишкек имконоти молӣ ва иқтисодӣ тағйири мусбати вазъиятро надод ва бо тавваҷуҳ ба дар пеш будани интихоботи порлумонии моҳи июн ба суроғи иқдомоте меравад то афкори умумии Қирғизистон аз тавваҷуҳ ба масоили дохилӣ ба масоили дигаре банд шавад.

Қосим Бекмуҳаммад  дар ин замина афзуд: ҳатто бархе коршиносони бе тараф аз Бишкек имрӯз дар фазои маҷозӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин масъала ишора мекунанд, ки доғ шудани фазо дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ба сӯди давлати феълии Бишкек аст, то биттавонад тавваҷуҳи афкори умумиро аз масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба тарафи дигаре маътуф кунад, яъне хатар аз хориҷ барои Қирғизистон вуҷӯд дорад ва мардум бояд перомуни давлат алайҳи ин таҳдиди хориҷӣ басиҷ шаванд.

Вай таъкид кард, ин нигоҳ дар сӯрати воқеъият доштан, нигоҳе бисёри кӯтоҳбинона хоҳад буд ва фардо пойи давлати Бишкекро хоҳад гирифт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп