Май 01, 2021 19:21 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон аз соли 2018 дар роҳи ҳаракати мошинҳо боркаши Тоҷикистон монеатарошӣ мекунад
    Туркманистон аз соли 2018 дар роҳи ҳаракати мошинҳо боркаши Тоҷикистон монеатарошӣ мекунад

Намояндагони вазоратҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Туркманистон омодагии худро барои азсаргирии интиқоли коло аз роҳҳоии заминӣ эълом карданд.

Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар ин гуфтугӯ, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ анҷом шуд, ду тараф аз тавофуқ дар бораи интиқоли колоҳои мавриди ниёзи Тоҷикистон аз бандар Туркманбошии Туркманистон ва бар акс хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки ширкатҳои роҳи он ду кишвар низ барои азсаргирии интиқоли маҳсӯлот тавассути роҳи оҳан ва масирҳои заминӣ бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ мувофиқат карданд. Туркманистон аз соли 2018 дар роҳи ҳаракати мошинҳои боркаши Тоҷикистон монеатарошӣ мекунад. Аз дидгоҳи коршиносон далели мамониати Туркманистон барои ҳаракати мошинҳои Тоҷикистон ихтилофи Душанбе ва Ашқобд бар сари сохти роҳи оҳани минтақаӣ миёни ин ду кишвар бо Афғонистон мебошад, ки мақомоти расмӣ ин иддаоро рад мекунанд.

Мақомоти Душанбе муътақиданд, нуқтаи иттисоли роҳи оҳани Туркманистон –Афғонистон ба ин кишвар бояд шаҳристони марзии Шаҳиртӯс бошад, ки масири он кӯтоҳтар ва камҳазинатар аст. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар сӯрати пазириши тарҳи ин кишвар, тӯли бахши афғонистонии ин роҳи оҳан 300 километр кӯтоҳ хоҳад шуд.

Аммо мақомоти Туркманистон бар таъйни бандар Шерхон дар вилояти Қундӯзи Афғонистон ва вилояти Хатлон дар Тоҷикистон ба унвони нуқтаи иттисоли роҳи оҳан дар марзи ду кишвар пофишорӣ карданд, ки Тоҷикистони саранҷом ин пешниҳодро пазируфт.

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

 

 

Барчасп