Май 02, 2021 12:19 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳҳои мардумӣ дар канори масъулони маҳаллӣ ба нерӯҳои интизомӣ барои ҳифзи амнияти минтақа кумак мекунанд
    Гурӯҳҳои мардумӣ дар канори масъулони маҳаллӣ ба нерӯҳои интизомӣ барои ҳифзи амнияти минтақа кумак мекунанд

Бо гузашти ду рӯз аз даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, Вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон авзоъро дар вилояти Ботканд ором тавсиф кард ва аз истиқрори 12 посгоҳи исту бозрасӣ дар рӯстоҳои марзии ин вилоят хабар дод.  

Ба нақл аз Аки Пресс, Вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон ҳамчунин эълом кард: Роҳҳои иртиботии миёни рустоҳои қирғизнишини воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон низ боз ва дар масирҳои аслии байни ду кишвар рафту омади мусофирон ва васоили нақлия аз сар гирифта шудааст.

Ҳамчунин гузоришҳо ҳокист, гурӯҳҳои мардумӣ дар канори масъулони маҳаллӣ ба нерӯҳои интизомӣ барои ҳифзи амнияти минтақа кумак мекунанд.

Ҳамзамони Вазорати тандурустии Қирғизистон низ аз афзоиши омори куштаҳои худ дар даргирии марзии ахир бо Тоҷикистон хабар дод.

Дар баёнияи ин вазоратхона эълом шудааст, ки бо ҷон бохтани 3 нафари дигар аз захмиҳои ин даргирии хунин акнун шумори қурбониён ба 34 нафар расидааст.

Гуфта мешавад, ки дар миёни 173 нафар аз осебдидагони ин даргирӣ ҳуввияти 31 низомӣ, 131 ғайринизомӣ ва як пизишк шиносоӣ шудааст, аммо талошҳо барои мушаххас кардани ҳуввияти 10 нафари дигар ҳамчунон идома дорад.

Тоҷикистон ҳануз ба таври расмӣ омори кушта ва захмиҳои худро эълом накардааст, аммо манобеи мустақили тоҷик теъдоди кушташудагонро 15 нафар ва шумори маҷрӯҳонро 100 нафар эълом кардаанд, ки 4 тан аз ин афрод афсарони нерӯи марзбонӣ ҳастанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп