Тошиев: Аз Тоҷикистон товон талаб намекунем
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт,ки кишвараш аз Тоҷикистон талаби товон намекунад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбӯотии раёсати ҷумҳӯрии Қирғизистон, Қамчибек Тошиев-раиси Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар, ки ба рӯстои Мақсади ноҳияи Лайлак дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафтааст, эълом кард, ки хонаҳои вайроншудаи сокинони ин минтақа то моҳи сентябр дубора сохта хоҳад шуд
Тошиев гуфт : « Аз Тоҷикистон дархости ҷуброни хисорат намекунем, аммо агар Душанбе дар ин маврид бо пазириши масъуляти тахриби ин хонаҳо барои бозсозӣ ибрози омодагӣ кунад, ин мавзӯъ баррасӣ хоҳад шуд . »
Аз сӯии дигари вазорати тандурустии Қирғизистон эълом кард ки дар даргирии рӯзи 29 аврели миёни марзбонони тоҷику қирғӣзи 36 табаъаи ин кишвари кушта ва 200 нафар низ захмӣ шудаанд .
Ҳамчунин манобеи мустақил дар Тоҷикистони теъдоди кушташудагонро 16 нафар ва шумори маҷрӯҳонро беш аз 110 нафар эълом кардаанд .
Бештар бихонед :