Октябр 24, 2016 14:02 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи ҷавони тоҷик барои сарфаҷуӣ дар масрафи барқ дар Русия

Як донишманди 28 солаи тоҷик дар Русия бо ироаи тарҳи сарфаҷуии 10 дарсадии масрафи барқ, таваҷҷуҳи ширкатҳои донишбунён ва корхонаҳои ин кишварро ба худ ҷалб кардааст.

Ба иттилои сайти Toptj, Пайрав Нусратов, ки қаблан аз рисолаи доктории худ дар Донишгоҳи вилояти Кемеровои Русия дифоъ карда, акнун тарҳи сарфаҷуии 10 дарсадии масрафи барқ дар ин кишварро ироя кардааст .

Ин донишманди ҷавони тоҷик таъкид кардааст, ки роҳҳалли муассир дар раванди сарфаҷуӣ дар масрафи барқ истифода аз лампаҳои каммасрафи роиҷ дар Тоҷикистон нест, балки насби таҷҳизоти ҷадиди фаннӣ дар элеваторҳо ва эскалаторҳои манозили маскунӣ, маодини истихроҷ ва дар марокизи тавлидӣ ва тиҷорӣ аст .

Пайрав Нусратов афзуд: Бо истифода аз фанновариҳои ҷадид метавон заминаи сарфаҷуии 10 дарсадии масрафи барқ дар Русияро фароҳам кард, ки барои иқтисоди ин кишвар фоидаи фаровоне дорад .

Ин донишманди ҷавони тоҷик муътақид аст, ки аз ин тарҳ метавон дар корхонаи алюминиюми Тоҷикистон, корхонаҳои семент ва дигар марокизи тавлидии ин кишвар истифода ва заминаи таъмини бештари барқи хонагиро дар фасли сармо фароҳам кард .