Май 05, 2021 12:27 Asia/Dushanbe
  • Бар асоси охирин тағироти кадрӣ дар Тоҷикистон дастиёри Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Тошканд таъин шуд
    Бар асоси охирин тағироти кадрӣ дар Тоҷикистон дастиёри Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Тошканд таъин шуд

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд фармон дар бораи таъини сафири нави ин кишвар дар Узбакистон ва тағйири баъзе кадрҳоро имзо кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси фармон Эмомалӣ Раҳмон, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки дастёри вай дар умури иҷтимоӣ буд ба вазифаи сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Узбекистон таъин шуд.

Вай дар ин вазифа ҷонишини Содиқ Имомӣ шуд, ки аз ин пас дар мақоми муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон  фаъолият хоҳад кард.

Раҳмонзода раёсати Комитети давлатии радио ва телевизион, Вазорати маориф ва илму раёсати донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро дар корномаи хеш дорад. 

Тибқи фармонҳои дигар Эмомалӣ Раҳмон  раисони ноҳияҳои Нуробод ва Шамсиддин  Шоҳин аз симматҳояшон барканор ва афроди дигаре ҷонишини онон шудаанд. 

Ҳамчунин Муҳаммадӣ Сафолзода аз мақоми мушовири аршади бахши равобит бо ҷомеъа ва Файзалӣ Идизода аз вазифаи раёсати шӯъбаи маориф, фарҳангу иттилооти дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон барканор шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп