Густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои омӯзиши олии касбии Тоҷикистон ва Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i112288-Густариши_ҳамкорӣ_байни_муассисаҳои_омӯзиши_олии_касбии_Тоҷикистон_ва_Русия
Густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои омӯзиши олии касбии Тоҷикистон ва шӯъбаи Донишгоҳи иқтисоди Русия ба номи Плеханов мавриди баҳс қарор гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 02, 2024 10:36 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои омӯзиши олии касбии Тоҷикистон ва Русия

Густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои омӯзиши олии касбии Тоҷикистон ва шӯъбаи Донишгоҳи иқтисоди Русия ба номи Плеханов мавриди баҳс қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар,масоили густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои омӯзиши олии касбии Тоҷикистон ва шӯъбаи Донишгоҳи иқтисоди Русия ба номи Плеханов дар дидори Абдуҷҷаббор Раҳмонзода, сафири фавқулода ва томулихтиёри Тоҷикистон дар Узбакистон бо профессор Қаландар Абдурраҳмонов, раиси шӯъбаи Донишгоҳи иқтисоди Русия ба номи Плеханов дар Тошканд мавриди баҳс қарор гирифт.

 Дар ин дидор тарафҳо нуқтаи назароти худро дар заминаи иқтисод ва фановарии иттилоот баён карданд.

 Таъкид шуд, ки дар шӯъбаи донишгоҳи иқтисоди Русия Шӯрои илмӣ фаъол аст, аз ин рӯ тарафҳо хостори густариши ҳар чӣ бештари равобити илмӣ байни донишмандони ду кишвар шуданд.