Май 05, 2021 18:39 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ҳаштуми моҳи май ба Маскав сафар мекунад
    Эмомалӣ Раҳмон ҳаштуми моҳи май ба Маскав сафар мекунад

​​​​​​​Раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Русия дар дидоре дар Маскав авзои Тоҷикистону Қирғизистонро пас аз даргирии ахири марзӣ миёни ин ду кишвари ҳамсоя баррасӣ мекунанд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Эмомалӣ Раҳмон ҳаштуми моҳи май барои ширкат дар маросими 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ба Маскав сафар ва бо Владимир Путин дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Манобеи ҳукӯмати Тоҷикистон бо таъйиди дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Русия дар Маскав эълом кардаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Путин дар ин дидор мавзӯи равобити дуҷониба, густариши муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ, муҳоҷират ва роҳҳои хурӯҷ аз буҳрони ахир дар муносиботи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков дар идомаи ин хабар таъйид намудааст, ки масъалаи калидии мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон таниши ахири марзӣ хоҳад буд.

Дмитрий Песков илова намуд, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин мулоқоти ӯ бо Владимир Путин ҳанӯз қабл аз рӯйдодҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқа шуда буд. 

Бештар бихонед:

 

Барчасп