Май 08, 2021 10:03 Asia/Dushanbe
  • Созмони байналмилалии “Saferworld” дар Тоҷикистон 70 корманди маҳаллӣ дошт
    Созмони байналмилалии “Saferworld” дар Тоҷикистон 70 корманди маҳаллӣ дошт

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бар асоси дархости Вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолияти созмони байналмилалии “Saferworld”-ро қатъ кард.

Ба нақл аз сомонаи Toptj, далели қатъи фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон поймол кардани қонун пардохти андоз, нодида гирифтани забони давлатӣ ва амалкарди хилофи асосномаи як созмони ғайридавлатӣ эълом шудааст.

Хирад Каргасов, намояндаи созмони “Saferworld” бо тайиди хабари мамнуъ шудани фаъолияти он дар Тоҷикистон гуфтааст, аз дафтари марказии созмон дар Лондон дастур омад, ки дар паи судури ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дигар зарурат надорад ба фаъолият идома диҳанд.

Вай иллати қатъи фаъолияти созмони “Saferworld”-ро шикояти Вазорати адлияи Тоҷикистон аз он унвон кардааст.

Ба иддаои Вазорати адлия, созмони ёдшудаи ҳаққи таҳқиқ дар бораи хушунат дар хонаводаҳои Тоҷикистонро надошта ва ин кор хилофи асосномааш будааст.

“Saferworld” як созмони байналмилалии мустақил мебошад, ки ҳадафи худро ҷилавгирӣ аз даргирӣ ва талош барои барқарории сулҳу амният эълом кардааст.

Ин созмон соли 2015 фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз кард ва 70 корманди тоҷик дошт.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп