Зоир Ҷурабоев: Тарсе аз тими Персполиси Эрон надорем
-
Зоир Ҷурабоев мудофеи тими Истиқлоли Душанбе яке аз беҳтарин бозикунони ин тим дар марҳалаи гурӯҳии лигаи қаҳрамонони Осиё буд
Рӯёрӯии тими футболи Персполиси Эрон бо Истиқлоли Тоҷикистон дар марҳалаи як ҳаштуми ниҳоии лигаи қаҳрамонони Осиё, тавваҷуҳи расонаҳои эрониро ба ин тим ва бозикунонаш ҷалб кардааст.
Тими сурхпуши Истиқлоли Душанбе, ки дар умри 14 солаи худ тавониста 34 ҷом дар рақобатҳои дохилӣ ба даст оварад, пуртарафдортарин ва пурифтихортарин тими футболи Тоҷикистон аст.
Хабарнигори варзишии Ирно ба муносибати рӯёрӯии Истиқлоли Душанбе баробари Персполиси Теҳрон дар марҳалаи як ҳаштуми ниҳоии лигаи қаҳрамонони Осиё бо Зоир Ҷурабоев, мудофеи тоҷик ба гуфтугӯ пардохта, ки бахше аз онро дар зер мехонед:
С - Аз сууди руъёии Истиқлол ба марҳалаи як ҳаштуми ниҳоӣ шуруъ кунем. Дар оғози лигаи қаҳрамонони Осиё фикр мекардед, ба унвони тими аввал аз гурӯҳ сууд кунед?
Ҷ - Мо вақте вориди мусобиқот шудем, ба сууд фикр мекардем, аммо на ба унвони тими аввал. Аммо бозӣ ба бозӣ тамаркузи бештаре пайдо кардем ва ба ин бовар раседем, ки метавонем ба унвони тими аввал сууд кунем. Ин иттифоқ ҳам дар охир рух дод. Мо тиҳои қудратмандеро шикасти додем ва дар поён тавонистем сууд кунем.
С - Дар марҳалаи ҳазфӣ ба Персполиси бархурд кардед. Шинохтӣ аз ин тим доред?
Ҷ - Бале. Мо аз ин тим шинохт дорем ва медонем, ки онҳо яке аз қудратмандтарин тимҳои Осиё ҳастанд ва ҳамеша барои пирӯзӣ ба майдон мераванд, аммо мо тарсе аз онҳо надорем ва ин мавзуъро дар лигаи қаҳрамонон ба ҳама нишон додем. Ҳама диданд, ки мо ба чи шакл рӯ ба рӯи Алҳилол бозӣ кардем.
С - Замини чамани варзишгоҳи тими шумо маснуист ва ин корро барои Персполис сахт мекунад. Шумо рӯи он чаман роҳат ҳастед?
Ҷ - Ин мавзуъ нақши каме барои муваффақияти тими мо дар бозӣ бо Персполис дорад, аммо бояд ба ин мавзуъ ишора кунам, ки мо ҳам одат ба бозӣ дар чамани маснуӣ доштем, аммо барои бозиҳои марҳалаи гурӯҳии лигаи қаҳрамонон дар чамани табиӣ бозӣ кардем ва тавонистем дар он муваффақ бошем.
Ҷ - Дӯст доред дар оянда дар тимҳои эронӣ бозӣ кунед?
Ҷ - Бале чаро ки на. Эрон лигаи бисёр муътабаре дар Осиё дорад ва тимҳои қудратманде монанди Истиқлол, Персполис ва Трактор дар он ҳузур доранд. Ман қаблан ҳам бо теъдоде аз мудир барномаҳои эронӣ суҳбат карда будам, ки барои тимҳои эронӣ бозӣ кунам, аммо ба далоили мухталифе ин кор анҷом нашуд, аммо дӯст дорам дар оянда ин иттифоқ биафтад. Чун лигаи Эрон, лигаи бисёр муътабаре дар Осиёст.