Дидори маҷозии вазири хориҷаи Тоҷикистон ва дабири кулли САҲА
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо(САҲА) дар дидори маҷозӣ бо якдигар гуфтугӯ ва ҳаводиси ахири марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Сироҷиддин Муҳриддин дар ин гуфтугӯи маҷозӣ бо Ҳелга Шмид, дабири кулл САҲАро аз рӯйдодҳои ахир дар марз бо Қирғизистон ва натоиҷи музокироти ду тараф ва омодагии Душанбе ва Бишкек барои ҳалли мушкилоти ба вуҷӯди омада аз тариқи музокира огоҳ кард.
Ҳ.Шмид аз тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас ва ҳалли низои мусаллаҳона дар қитъаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол намуда, ба риояи уҳдадориҳои дар чаҳорчӯби САҲА гирифташуда тавассути идомаи кӯшишҳо ва музокирот барои коҳиш додани шиддати вазъ ташвиқ намуд. Зимнан Дабири кулли САҲА кумаки ҳамаҷонибаи Созмонро барои мусоидат ба ҳалли мусолиматомези ҳолати бавуҷудомада пешниҳод кард.
Ғайр аз ин, мусоҳибон аҳаммияти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосир, аз қабили таъсири ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва аслиҳа таъкид намуданд. Масъалаҳои ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷомеа низ муҳокима шуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҳелга Шмид ҳамчунин бо баррасии авзоъи Афғонистон, саҳми Тоҷикистонро дар раванди барқарории сулҳ муҳим хонданд ва дар ин замина бар нақши Донишкадаи мудирияти марзии САҲА барои бозомӯзии кормандони аршад дар шаҳри Душанбе таъкид карданд.
Бештар бихонед:
- Бадаҳдӣ, иттиҳоми Тоҷикистон ба САҲА
- Гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистон бо раиси САҲА
- Дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо раиси САҲА