Май 09, 2021 10:37 Asia/Dushanbe
  • Ширкати “Оби зулол” ҳомии молии Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон шуд .
    Ширкати “Оби зулол” ҳомии молии Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон шуд .

Мақомоти Федерасиюни футболи Тоҷикистон ва ширкати “Оби зулол” тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси ин тавофуқнома ин ширкати тавлиди оби мева, нӯшоба ва оби менералӣ ҳомии молии Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон шуд .

Алишер Урунов-ноиби раиси Федерасиюни футболи Тоҷикистон дар ҳошияи маросими имзои тафоҳумнома гуфт : Бар асоси тафоҳумномаи имзошуда нишони ширкати Оби зулол рӯйи пероҳанҳои бозикунон ҳак хоҳад шуд.  

  Урунов афзуд : Мақомоти федерасиюн  тавваҷуҳи зиёде ба пешрафти футболи бонувон доранд .

Вай ширквти Оби зулолро ҳомии қобили эътимод барои Лигаи футболи бонувон  донист .

Бонухон  Азимова-муовини раиси ширкати Оби зулол ҳам гуфт : Ҳимоят аз футболи занон дар Тоҷикистон яке аз аҳдофи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишии ширкат аст .

Ӯ афзуд : Итминон дорем, ки ин мушорикат барои ҳар ду тараф муфид аст .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп