Кумаки 500 ҳазорсомонии некукори тоҷик ба осебдидагони даргирии марзӣ
-
даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон
Соҳибкори некукори тоҷик 500 ҳазор сомонӣ ба осебдидагони даргирии марзӣ кумак кард .
Ин фаъоли бахши хусӯсии Тоҷикистон, ки зодаи Ворухи ноҳияи Исфара аст ҳамакнун дар Русия зиндагӣ мекунад
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,Сорбон Савриддинов- молики ширкати " Бистфуд " дар шаҳри Маскав аст .
Вай ба ҳар хонаводаи кушташудагони даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон 15 ҳазор сомонӣ ва ба маҷрӯҳон 5 то 10 ҳазор сомонӣ кумаки молӣ эҳдо кард .
Савриддинов пеш аз ин низ 2 миллион сомонӣ барои сохти маркази фарҳангӣ дар деҳаи Ворух кумак кард .
Сохти як пул ва асфалти як километр аз роҳи Ворух аз ҳисоби шахсӣ аз дигар иқдомоти ин некукори тоҷик аст .
Сорбон Савриддинов ҳангоми густариши корона дар Тоҷикистон низ маҳсулоти беҳдоштӣ ба ин кишвар ирсол карда буд .
Бештар бихонед :
-
Кори бузурги муҳоҷирони некӯкори тоҷик барои ҳамватани осебдидаи худ
-
Кори хайри некӯкори тоҷик дар Русия: Пардохт барои интиқоли ҷасади 50 муҳоҷир