Май 09, 2021 14:53 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқаи \
    Мусобиқаи \" Тоҷикистон - меҳани азизи ман \"

Аввалин даври озмун-мусобиқаи миллии " Тоҷикистон - меҳани азизи ман " аз 12 май оғоз мешавад .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, имсол аввалин марҳилаи мусобиқот дар минтақаи Суғд оғоз мешавад ва то 23 июн дар 18 шаҳру минтақа идома дорад .

  Ҳамчунин 17 май то 21 июни 2021 дар 25 шаҳру минтақаи Хатлон ва аз 20 май то 23 июн дар 13 шаҳру минтақаи Бадахшон идома хоҳад дошт .

Ин мусобиқа дар чаҳор минтақаи Душанбе аз 20 май то 8 июн баргузор мешавад .

  Мусобиқаи " Тоҷикистон - меҳани азизи ман " ба дастури раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ва ба муносибати 30-мин солгарди Истиқлоли ин кишвар ва бо ҳадафи шиносоии истеъдодҳои ҷадид дар мусиқӣ, афзоиши маҳоратҳои касбӣ дар навозандагӣ ва интихоби беҳтарин оҳанг баргузор мешавад.

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп