Эмомалӣ Раҳмон: Тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар авлавият аст
(last modified Mon, 10 May 2021 14:24:51 GMT )
Май 10, 2021 19:24 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон: Оғози хуруҷи Амрико аз Афғонистон назорати марзи байни Тоҷикистону Афғонистонро зарурӣ кардааст
    Раҳмон: Оғози хуруҷи Амрико аз Афғонистон назорати марзи байни Тоҷикистону Афғонистонро зарурӣ кардааст

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъи мақомоти ин кишвар бар зарурати тақвияти марзи муштарак бо Афғонистон таъкид кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи итилоърасонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки ба тозагӣ аз сафари Русия ба Душанбе бозгаштааст, дар нишасти аъзои  ҳайати вазирон ва масъулону коркунони дафтари раёсати ҷумҳурӣ, тақвияти марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистонро аз авлавиятҳои муҳимми фаъолияти ниҳодҳои дифоӣ ва амниятии Тоҷикистон донист. 

Вай афзуд: Оғози хуруҷи низомиёни амрикоӣ ва нигарониҳо аз авзоъи амниятии Афғонистон зарурати назорати марзи Тоҷикистон ва Афғонистон   барои мубориза бо тероризм ва ифротгароӣ, ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир афзоиш ёфтааст. 

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулони ниҳодҳои дифоӣ ва амниятии ин кишвари хост ҳар гуна  таҳаррукоти гурӯҳҳои террористии мустақар дар шимоли Афғонистонро барои эҷоди бесаботӣ ва ноамнӣ дар ҷануби Тоҷикистон назорат ва аз он ҷилавгирӣ кунанд. 

Дар дидори ахир Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳурии Русия дар Маскав низ бар зарурати истифода аз тавони СПАД барои тақвияти марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон таъкид шуд.

 

Бештар бихонед: