Муовини кумитаи Ҳамсуд: Истиқрори низомиёни амрикоӣ дар Тоҷикистон хаёлбофӣ аст
(last modified Tue, 11 May 2021 05:49:12 GMT )
Май 11, 2021 10:49 Asia/Dushanbe
  • Вол Стритт Журнал: Амрико барои интиқоли низомиёнаш ба Тоҷикистон талошҳоеро оғоз кардааст
    Вол Стритт Журнал: Амрико барои интиқоли низомиёнаш ба Тоҷикистон талошҳоеро оғоз кардааст

Муовини аввали кумитаи умури кишварҳои Ҷомеаи Ҳамсуд ва ҳамгароии авруосиёӣ дар маҷлиси думаи Русия интишори хабари эҳтимоли истиқрори низомиёни амрикоӣ дар Тоҷикистон пас аз хуруҷи Афҷғонистонро хаёлбофии мақомоти Вашингтон унвон кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории русии Тасс,  Водолацкий Виктор  гуфтааст, ки аслан  ҳарф задан  дар ин  маврид бемаънист, ки Тоҷикистон ба унвони муттаҳиди роҳбурдии Русия дар СПАД  барои чунин коре муҷаввиз диҳад.

  

Вай илова кард: Бар асоси созишномаи ҳамкории дифоии Русия ва Тоҷикистон ва таъаҳҳудоти дуҷонибаи миёни Душанбе ва Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ имкони иҷозаи истиқрори пойгоҳ ва ё фаъолияти низомиёни хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ аст.   
 

Водолацкий ёдовар шуд, ки Амрико пас аз нокомӣ дар Афғонстон  тамоюл зиёде дорад, ки дар Тоҷикистон  низомиёни худро мустақар кунад то Русия, Чин ва Эронро таҳти фишор қарор диҳад, аммо дар шароити кунуни ин андеша танҳо як орзӯ барои Амрико хоҳад буд, ки таҳаққуқи он ғайримумкин аст. 

Нашрияи амрикоии Вол Стритт Журнал иддао кардааст, ки Амрико барои интиқоли низомиёни худ аз Афғонистон ба Тоҷикистони талошҳоеро оғоз кардааст.  
  
  
  Бештар бихонед: