Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон озими Чин шуд
-
Дуввумин даври нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Чин дар шаҳри Сиан баргузор мешавад
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба манзури ширкат дар дуввумин "Нишасти вазирони умури хориҷаи Осиёи марказӣ ва Чин" ба Чин сафар мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс,«Сироҷиддин Муҳриддин» дар чорчӯби ин сафари дурӯза ҳамроҳ бо ҳамтоёни чинӣ, қаззоқ, қирғиз , узбек ва туркмани худ дар дуввумин даври нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи марказӣ ва Чин, ки дар шаҳри «Сиан» баргузор мешавад , ширкат мекунад.
Пешбинӣ мешавад дар ин нишаст дар бораи мавзӯъоти муҳимме монанди тақвияти эътимоди мутақобили сиёсӣ, тарвиҷи бештари ҳамкориҳо, иҷрои тарҳҳои муштарак табодули назар шавад.
Ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақл ва тазмини тиҷорати бевақфа, таъмиқи равобит дар заминаи таъмини амнияти минтақавӣ ва муқобила бо чолишҳо ва таҳдидоти модерн аз дигар масоилест, ки дар ин нишаст матраҳ хоҳад шуд.
Бештар бихонед:
- Мақоми тоҷик: Гузаргоҳи марзии Тоҷикистон ва Чин бо тамоми зарфият фаъол аст
-
Таъкиди мақомоти Тоҷикистону Чин бар густариши ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм