Тағйири иттиҳоми Розиқов ва эҳтимоли дарёфти ҳукми 5 сол зиндон
(last modified 2021-05-11T14:15:01+00:00 )
Май 11, 2021 19:15 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли ба 5 сол зиндон маҳкӯм шудани соҳиби маркази сўхтгирии мунфаҷир шуда дар Душанбе
    Эҳтимоли ба 5 сол зиндон маҳкӯм шудани соҳиби маркази сўхтгирии мунфаҷир шуда дар Душанбе

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз тағйири иттиҳоми соҳиби маркази сӯхтгирии мунфаҷир шуда дар рӯзи аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар ғарби шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, дар ин ҳодиса 29 нафар дучори сӯхтагӣ шудаанд, ки яке аз онон ки коргари ин марказ буд, бар асари шиддати ҷароҳот дар бемористон ҷони худро аз даст додааст.

Ба далели фавти ин коргар акнун иттиҳоми Эҳсонҷон Розиқов, соҳиби ин маркази сӯхтгирӣ аз нақзи муқаррароти эминӣ ба муроот накарданм тавсияҳои оташнишонон, ки мӯҷиби марги як нафар шудааст, тағйир кардааст. Ба гуфтаи ҳуқӯқдонон ин банд аз қонуни ҷиноии Тоҷикистон маҳкӯмият ба зиндон аз 2 то 5 солро дар пай хоҳад дошт.

Пас аз вуқуъи ин ҳодиса Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом карда буд, ки ин оташсӯзӣ дар як маркази сӯхтгирӣ ба масоҳати 90 метримураббаъ, ки 60 тон сӯхт дошт ба вуқуъ пайваст, ки бо талоши оташнишонон маҳор шуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: