Фаъолияти додгоҳҳо дар Тоҷикистон шаффофтар мешавад
Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонуни ҷадиди ҳукумати ин кишварро барои шафофияти фаъолияти додгоҳҳо тасвиб кард.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳангоми ироави ин тарҳ ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфт, ки ҳадаф аз ин қонун тақвияти ҳамкории расонаҳои хабарӣ бо додгоҳҳо, иттилоърасонии шаффоф аз баррасии парвандаҳои ҷиноӣ ва афзоиши эътимоди ҷомеъаи маданӣ ба фаъолияти низоми қазоии ин кишвар аст.
Вай таъкид кард, ки ин қонун наҳваи ҳамкории додгоҳҳо бо расонаҳои хабарӣ, тааҳҳуди дуҷониба ҳангоми интишори иттилооту шароити мамнӯъ будани ҳузури хабарнигорон дар додгоҳҳоро мушаххас мекунад.
Бар ин асос, интишори асрори давлатӣ, иттилооти маҳрамонаи ҳукуматӣ, тиҷорӣ, хонаводагӣ ва мавориди марбут ба ҷойгоҳ ва ҳайсияти афрод аз сӯи расонаҳои хабарӣ мамнӯъ аст.
Ҳамчунин дар додгоҳҳо як нафар ба унвони масъули иттилоърасонӣ ба расонаҳои хабарӣ дар бораи парвандаҳои ҷиноӣ таъйин хоҳад шуд.
Ин қонун ҳамчунин ба раисони додгоҳҳо ҳақ медиҳад, ки ба пурсишҳои ғайриҳирфаӣ ва ҳошияии хабарнигорон посух надиҳанд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонуни ҷадиди ҳукумати ин кишварро барои шафофияти фаъолияти додгоҳҳо дар ҳоле тасвиб кард, ки расонаҳои хабарӣ ва фаъолони ҷомеъаи маданӣ аз дастрасӣ надоштан ба иттилоот дар бораи фаъолияти додгоҳҳо ва маҳдӯдияти ҳузури хабарнигорон дар ҷаласаҳои баррасии парвандаҳои пурсару садои ҷиноӣ ҳамвора шикоят кардаанд.
Бештар бихонед:
- Интиқоди як фаъоли расонаӣ дар Тоҷикистон аз ҳамкорӣ накардани ҳукумат бо расонаҳои мустақил
- Ҷаласаи тахассусии рӯзноманигорону коршиносони расонаии Тоҷикистон