Низомиддин Зоҳидӣ : Забони форсӣ ҳуввияти тоҷиконро ҳифз кард
Сафири Тоҷикистон дар Эрон забони муштаракро нигаҳбони ҳуввияти миллӣ донист ва гуфт : Забони форсӣ нагузошт тоҷикҳо аз фарҳанги худ ҷудо шаванд ва ҳастии худро фаромӯш кунанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,Низомиддин Зоҳидӣ дар ҳамоиши маҷозии “Посдошти забону адабиёти форсӣ дар минтақаи ЭКО” афзуд : Дар Тоҷикистон дар даврони Шуравӣ вақте ҳамаи омилҳои ҳуввиятзудоӣ доман паҳн карданд, ҳамаи рисолати ҳифзи ҳуввияти фарҳанги порсиро забони тоҷикӣ ба унвони шохае аз забони форсӣ ба душ кашид ва нагузошт тоҷикҳо аз фарҳанги худ ҷудо шаванд ва ҳастии худро фаромӯш кунанд.
Вай бо ишора ба ин ки пас аз истиқлоли Тоҷикистон раванди бозёбии ҳуввияти фарҳангӣ бо забони тоҷикӣ оғоз шуд, гуфт : Бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон давраи нав барои ҳифзи забони форсӣ дар ин кишвар оғоз шуд ва бо қабули қонуни вижа забони тоҷикӣ дар маснади забони давлатӣ истиқрор пайдо кард ва барои посдошти он рӯзи панҷуми ноябр дар тақвими кишвар Рӯзи забони давлатӣ эълом шуд .
Сафири ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо баёни ин ки забони форсӣ асолати фарҳанги Эронзаминро дар бистари тамаддунсози ислом ҳифз кард, идома дод : Имрӯз забони муштараки мо дарахти борвареро мемонад, ки решаҳои амиқу тани маҳкам ва се шохаи маҳками тоҷикӣ, дарӣ ва форсии Эронро дорад .
Зоҳидӣ изофа кард : Ин забон мазҳари ягонагии Эрони фарҳангӣ аст ва вазифаи мост, ки ин дарахтро аз газанди забони ҷаҳонӣ ҳифз кунем ва барои ояндагон ба мерос бигузорем; чунон ки пешиниён онро ба дасти мо супурданд.
Вай Рӯзи посдошти забони форсӣ ва Фирдавсиро даъват ба шинохти қадру қимати забони модарӣ ва ҳифзи ин мероси арзишманди ниёкон донист .
Сарвар Бахтӣ-раиси муассисаи фарҳангии ЭКО дар ин ҳамоиш гуфт : Конуни аслии ашъори Фирдавсӣ тамоми қаламравии забони форсӣ монанди Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон аст .
Абдулғафури Ливол-сафири Афғонистон дар Эрони ҳам бо ишора ба густараи забони форсӣ изҳор кард : Забони форсӣ қаламрави маънавие аст, ки ҳамаи форсизабонон сокинони он ҳастанд ва арзишҳои мавҷуд дар ин қаламрав ба фард- фарди сокинони он таъаллуқ мегирад .
Дар ин ҳамоиши маҷозӣ устодони забону адабиёти форсӣ аз донишгоҳҳои Бишкек, Панҷоби Покистон, Ҳирот ва Туркия дар бораи аҳамияти ҳифзу густариши забони форсӣ дар пойдории ҳуввияти фарҳангии миллатҳои минтақа суханронӣ карданд.
Бештар бихонед :
-
Ҳаддоди Одил: Шоҳнома барои миллатҳои минтақаи ЕКО аст
-
Паёми сафири Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати рӯзи бузургдошти ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ