Май 17, 2021 09:59 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Узбакистон дар сафар ба Тоҷикистон аз вилояти Суғд низ боздид хоҳад кард
    Раисҷумҳури Узбакистон дар сафар ба Тоҷикистон аз вилояти Суғд низ боздид хоҳад кард

Раисҷумҳури Узбакистон дар чорчуби сафари худ ба Тоҷикистон дар рӯзҳои 10 то 12 июн аз шаҳри Хуҷанд низ боздид хоҳад кард.

Ба нақл аз Тоҷвик, сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Миризеев ба Тоҷикистон метавонад моҳи июн сурат гирад.

Дар ҳоли ҳозир ҷонибҳо барномаи сафари раҳбари Узбакистонро таҳия мекунанд.

Қаблан маълум буд, ки сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба зудӣ нишасти муштарак барпо мекунанд.

Дар доираи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Тошканд гуфтушунидҳо байни муовини сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбакистон Сардор Умурзоқов ва вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқи Амин баргузор шуд.

Дар мулоқот тадбирҳои афзоиши тиҷорати мутақобила баррасӣ гардид.

Ҳамин тариқ, кишварҳо нақша доранд, ки ҳаҷми савдоро аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.

Ҳамзамон, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи дурнамои макроиқтисодӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати электронӣ созишҳо ба даст оварда шуданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп