Май 18, 2021 11:43 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон инчунин ваъда додааст, ки шахсони гумонбар дар боздошт ва латукӯби шаҳрвандони Қирғизистонро муайян ва муҷозот мекунад.
    Тоҷикистон инчунин ваъда додааст, ки шахсони гумонбар дар боздошт ва латукӯби шаҳрвандони Қирғизистонро муайян ва муҷозот мекунад.

Раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон пас аз дидор дар минтақаи марзии ду кишвар дар бораи таъсиси посгоҳҳои полис дар марзи фармондории Ворухи ноҳияи Исфара ва рустоҳои Оқсойи вилояти Ботканд ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомона Эки пресс, Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим  Олимбоев пас аз озодии 6 нафар аз атбоъи ду кишвар, ки дар ин минтақаи марзӣ бодошт шуда буданд, тасмим гирифтанд барои ҷилавгирӣ аз такрори ин ҳаводис дар марзи байни фармондории Ворухи ноҳияи Исфара ва рустои  Оқсойи ноҳияи Ботканд  посгоҳҳои полис мустақар шавад.

Тоҷикистон инчунин ваъда додааст, ки шахсони гумонбар дар боздошт ва латукӯби шаҳрвандони Қирғизистонро муайян ва муҷозот мекунад.

Ба асоси ин тавофуқ барои коҳиши танишҳои марзӣ тасмим гирифта шудааст, ки дидори ришсафедон ва афроди бонуфузи ноҳияҳои Исфара ва Ботканд баргузор шавад. 
  

  
 Субҳи рӯзи душанбе  17 май дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон  3 тоҷик ва 3 қирғиз  боздошт ва дар пайи  музокироти дуҷониба озод шуданд. 

Ҳардуи тараф якдигарро дар ин иқдом муттаҳам мекунанд. 

Ба гуфтаи коршиносон  идомаи монеътарошӣ дар роҳи ҳаракати атбоъи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияҳои Исфара ва Ботканд  яке аз паёмадҳои даргирии рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар марзи ду кишвар аст ки бо 56 кушта ва беш аз 230 захмӣ аз ҳар  ду тараф ҳамроҳ буд. 
  
  
 Бештар бихонед:

Барчасп