Дидори Раҳмон бо вазирони хориҷаи кишварҳои узви СПАД
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазирони умури хориҷаи кишварҳои СПАД дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки 19 моҳи май ба раёсати вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, дидор хоҳад кард.
Ин нишаст ба мизбонии Тоҷикистон, ки раёсати давраии СПАД-ро бар ӯҳда дорад баргузор мешавад.
Дар ин ҳамоиш ҳамкории кишварҳои узв баррасӣ хоҳад шуд ва вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД роҷеъ ба авзоъи Афғонистон, амнияти Осиёи марказӣ, муборизаи муштарак бо тероризм, ифротигарӣ, бондҳои фаромиллии қочоқи маводи мухаддир баҳсу табодули назар хоҳанд кард.
Ҳамчунин созишномаи ҳамкории кишварҳои узви ин созмон барои шаш моҳи дувуми имсол ва нимаи нахусти соли 2022 имзо хоҳад шуд.
Дар нишасти Душанбе барномаи омодагӣ барои маросими сиюмин солгард имзои тавофуқномаи таъсиси Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ низ баррасӣ ва тасвиб хоҳад шуд.
Бештар бихонед: