29-и октябр маҷрои дарёи Вахш баста мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i6733-29_и_октябр_маҷрои_дарёи_Вахш_баста_мешавад
Мақомоти энержии Тоҷикистон аз бастани маҷрои дарёи Вахш барои оғози сохт садди 335 метрии нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар 50 километрии шарқи Душанбе дар рӯзи 29-и октябри соли ҷорӣ хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 26, 2016 07:31 Asia/Dushanbe
  • 29-и октябр маҷрои дарёи Вахш баста мешавад

Мақомоти энержии Тоҷикистон аз бастани маҷрои дарёи Вахш барои оғози сохт садди 335 метрии нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар 50 километрии шарқи Душанбе дар рӯзи 29-и октябри соли ҷорӣ хабар доданд.

Ба иттилои сайти Фарғона, манобеи Вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон эълом карданд, маросими бастани маҷрои дарёи Вахш ва равон кардани оби ин дарё ба нақбҳои инҳирофӣ бо ҳадафи оғози сохти садди 335 метрии нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар ва мутахассисони Ширкати италияии Impregilo S.p.A Salini баргузор хоҳад шуд .

Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир ширкати ёдшудаи италияӣ баунвони муҷрии ин тарҳ, заминаи бастани маҷрои дарёи Вахшро фароҳам кардааст, то сохти садди 335 метрии нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун оғоз шавад .

Ширкати италияии Impregilo S.p.A Salini барандаи муноқисаи байналмилалии сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун мутааҳҳид шудааст, то соли 2018 ду турбинаи нахусти ин нерӯгоҳро бо тавони тавлиди беш аз 4 миллиард киловатт соат барқ дар сол ба баҳрабардорӣ бирасонад .

Такмили сохти ин нерӯгоҳ бо зарфияти тавлиди 13 миллиард киловатт соат барқ дар сол заминаи таъмини барқи мавриди ниёзи Тоҷикистон ва содироти онро ба хориҷ фароҳам хоҳад кард .

Сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар Тоҷикистон дар соли 1974 дар даврони ҳукумати Шӯравӣ оғоз шуд, вале пас аз истиқлоли ин кишвар бадалели мухолифатҳои Узбакистон ва камбуди сармоя нотамом мондааст .

Коршиносони тоҷик муътақиданд, раҳбарияти ҷадиди Узбакистон дигар батаври аланӣ бо такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун мухолифат намекунад, ки ин амр ба маънии нарм шудани мавзеи ин кишвар дар қиболи ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон мебошад .