Май 22, 2021 10:41 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон гуфт, бархе фаъолиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ нақш доранд
    Раҳмон гуфт, бархе фаъолиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ нақш доранд

Раисҷумҳури Тоҷикистон иллати гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротиро ноогоҳӣ ва поин будани сатҳи маърифати онон унвон кард.

Ба нақл аз Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо ҷавонон, ки ба муносибати Рӯзи ҷавон дар Душанбе баргузор гардид, таъкид кард, ки 70 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро ҷавонони то 35 сол ташкил мекунанд.

Раҳмон фаъолияти шабакаҳои иҷтимоии мухарриб, таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ва поин будани сатҳи маърифати насли ҷавонро омили гароиши ин қишри муҳими ҷомеа ба ҷарёнҳои тундрав донист.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазоратҳо ва кумитаҳои маорифу илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кору муҳоҷират, Академияи илмҳои Тоҷикистон, кумитаҳои радио ва телевизион, ҷавонон, варзишу сайёҳӣ, умури хонавода, умури дин ва танзими ҷашну маросим хост, ки ба тарбияти маънавии насли ҷавон таваҷҷуҳ кунанд ва нагузоранд, ки ҷавонон ба доми фиреби гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ гирифтор шаванд.

Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати меҳнату муҳоҷират феҳристи ҷавонони бекорро тадвин ва барномаи то соли 2025 бо шуғл фаро гирифтани ҷавонони то 25 солро иҷро кунанд.

Бештар бихонед:

Барчасп