Май 23, 2021 11:26 Asia/Dushanbe
  • Малашенко : Амрико наметавонад пойгоҳи низомии нав дар Осиёи Марказӣ таъсис кунад
    Малашенко : Амрико наметавонад пойгоҳи низомии нав дар Осиёи Марказӣ таъсис кунад

Пажӯҳишгари масойили сиёсӣ дар Русия эҳтимоли истиқрори низомиёни амрикоӣ дар Тоҷикистон пас аз хурӯҷи онон аз Афғонистонро ғайримумкин хонд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории русии РИА Новости  Александр Малашенко муътақидаст, ки вуҷуди пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон ба ин маънӣ аст, ки ҳеч кишвари хориҷии дигаре, аз ҷумла Амрико наметавонад дар ин кишвари муттаҳиди роҳбурдии Русия дархосте барои истиқрори низомиёни худ матраҳ кунад .

  Вай мегуяд : Албатта бояд дар интизори ташаннуҷи авзоъ ва шиддати даргириҳо дар Афғонистон пас аз хурӯҷи низомиёни амрикоӣ ва НАТО бошем, аммо ин даргириҳо наметавонад ба таври ҷиддӣ амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба вижа Тоҷикистонро таҳдид кунад.

   Пажӯҳишгари масойили сиёсӣ дар Русия изофа кард : Гурӯҳҳои рақиб дар Афғонистон талош хоҳанд кард, ки қудратро дар даст гиранд ва замоне барои фикр кардан дар бораи эҷоди ноамнӣ дар кишварҳои ҳамсоя нахоҳанд дошт .

Малашенко афзуд : Ҳамчунин акнун шароит тағйир карда ва Амрико қодир нест пойгоҳи низомии наве дар Осиёи марказӣ таъсис кунад, зеро ин кор хароҷоти молии зиёдеро дар пай хоҳад дошт ва Русияву Чин низ чунин имконеро ба Вашингтон намедиҳанд.

Чанде қабл нашрияи амрикоии Уолл стирит журнал иддао карда буд, ки Амрико барои интиқоли низомиёни худ аз Афғонистон ба Тоҷикистон талошҳоеро оғоз кардааст .

    

  Бештар бихонед

 

Барчасп