Май 23, 2021 20:18 Asia/Dushanbe
  • Истиқбол аз тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ироқ
    Истиқбол аз тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ироқ

Тими миллии футболи Тоҷикистон имрӯз вориди фурудгоҳи шаҳри Басра шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии футболи Тоҷикистон ба сармураббигарии Усмон Тушиев имрӯз барои анҷоми бозии дӯстона бо тими миллии Ироқ  вориди Басра шуд. 

Масъулони иттиҳодияи футболи Ироқ, сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Кувайт, Ироқ ва Сурия ва ҳамчунин даҳҳо рӯзноманигор дар фурӯдгоҳи Басра аз тими Тоҷикистон истиқбол карданд. 

Тими миллии футболи Тоҷикистон бо 21 бозигар, 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ба Басра рафтааст.

Бозии дӯстона байни тимҳои миллии футболи Ироқ ва Тоҷикистон рӯзи душанбеи 24 май соати 21:30 ба вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи Басра баргузор мешавад

Барчасп