Май 24, 2021 10:56 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикҳои ноҳияи Исфара муддаӣ шуданд, Қирғизистон барои як даргирии дигар омода мешавад
    Тоҷикҳои ноҳияи Исфара муддаӣ шуданд, Қирғизистон барои як даргирии дигар омода мешавад

Қирғизистон дар имтидоди қаламрави баҳсӣ дар марз бо Тоҷикистон (деҳаи Хоҷаи Аъло, ҷамоати Чоркӯҳ) иншоотҳои ҷангӣ бунёд мекунад.

Ба нақл аз Sputnik, сокинони се ҷамоати шаҳри Исфара гуфтаанд, ки баробари имзои созишномаи оташбас миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва қатъи даргириҳо дар марз ҷониби Қирғизистон ба сохтани иншоотҳо ҷангӣ шуруъ кардааст.

Сокинони ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Шаҳрак ва Сурхи ноҳияи Исфара дар марз бо ноҳияи ботканди Қирғизистон аз таҳаррукоти шабонаи низомиёни қирғиз барои интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти ҷангӣ ва сохти таъсисоти мухталиф хабар дода, аксҳои аз ин иқдомот мунташир кардаанд.

Мардуми ҷамоатҳои Шаҳрак, Сурх ва Чоркӯҳ аз ҳамчунин ҳаракатҳои низомиёни кишвари ҳамсоя изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, ки аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳанд ба ин вазъ расидагӣ кунад.

Ҷамоатҳои Шаҳрак, Сурх ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара маҳалли аслии даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор омада, бештарин хисоротро низ онҳо ва ҳам маҳаллаҳои қирғизии онҳо мутаҳаммил шудаанд.

Аммо Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара мегӯяд, таҳаррукоти низомиёни Қирғизистон таҳти назорати мақомоти зидахли Тоҷикистон қарор дорад.

Бештар бихонед:

Барчасп