Сохти ду хона дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби кумаки намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон
-
Дар сели 8 май 2021 дар Тоҷикистон 9 нафар ҷон бохтанд ва даҳҳо хона вайрон шуд
Сухангуи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз сохти ду хона дар шаҳри Кӯлоб барои афроди аз сели ахири осебдида аз ҳисоби маоши 5 рӯзаи аъзои парлумон хабар дод.
Ба нақл аз Азия Плюс, Муҳаммадато Султонов гуфтааст, ки аъзои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон маоши 5 рӯзаи худро барои сохти ду хона ба осебдидагон аз сели вайронгари ахир дар шаҳри Кӯлоб ихтисос додаанд.
Султонов аз баёни рақами дақиқи ин маблағ худдорӣ кард ва гуфт, ки ин манобеи молӣ барои сохти ду хонаи ҷадид кофӣ мебошад.
Дар паии бориши боронҳои селосо дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии Тоҷикистон дар рӯзҳои 8 то 11 май имсол 9 нафар ҷони худро аз даст доданд ва хонаҳои бисёре вайрон шуд, ки сокинони онҳо ба манотиқи амн куч дода шуданд.
Дар ҳоли ҳозир ситоди вижаи кишварӣ машғули кумакрасонӣ ба ин афрод, интиқоли масолеҳи сохтмонӣ ва сохти хонаҳои ҷадид дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомии Вахш ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон аз вайроншавии 20 хона дар деҳаи Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар вилояти Хатлон бар асари борони селосо ва резиши замин дар рӯзи 8 май хабар дода буд.
Гуфта мешавад, ки 167 нафар аз сокинони ин хонаҳо ба маҳалли амн кучонда ва дар хайма сокин шудаанд ва ғизои гарми онҳо низ таъмин мешавад.
Бештар бихонед:
-
Боздиди нахуствазири Тоҷикистон аз манотиқи селзада дар вилояти Хатлон
-
Борони сел хонаҳоро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вайрон кард