Вогузории 2 гектар замин дар шаҳри Душанбе барои сохти мактаби русӣ
Шаҳрдори Душанбе барои сохти мадрасаи ҷадиди русӣ дар пойтахти Тоҷикистон замини 2 гектарӣ ихтисос дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, ба дастури Рустами Эмомалӣ ин мактаби русӣ дар маҳаллаи Зарафшон дар ғарби шаҳри Душанбе сохта хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки ин мактаб бо имкони пазириши ҳазору 200 донишомӯз ҳамонанди 4 мактаби русии дигар бо сармояи ҳукумати Русия дар моҳи сентябри соли 2022 ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.
Барои сохти ҳар як аз 5 мадрасаи ҷадид, ки бо барномаи омӯзишии Вазорати улуми Русия фаъолият хоҳанд кард як миллиарду 200 миллион рубли русӣ ҳазина мешавад.
Ин 5 мактаб бо ҳадафи тарвиҷи забон ва фарҳанги русӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе, Бохтар, Турсунзода ва Кӯлоб сохта мешавад ва ҳукумати Русия мутаъаҳҳид шудааст, ки омӯзгорон ва таҷҳизоти мавриди ниёзи ин мактабҳоро низ таъмин кунад.
Сохти нахустин мактаб аз ин тарҳ чанде қабл дар шаҳри Турсунзода дар ғарби Тоҷикистон оғоз шуд.
Бештар бихонед: