Май 07, 2024 12:36 Asia/Dushanbe
  •  Душанбе-шаҳри ҳушманд

Ҳафтаи илм, фановарӣ ва навоварии навҷавонон ва ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

 Ба гузориши Ховар, аз 20 то 25 май, ҳафтаи илм, фановарӣ, навоварӣ ва ихтироъи навҷавонон ва ҷавонони Душанбе бо унвони «Душанбе – шаҳри ҳушманд» баргузор мешавад.

Дар ин хусус дар Маркази таҳлилӣ ва иттилоърасонӣ зер назари раиси шуъбаи маорифи шаҳри Душанбе иттилоърасонӣ шудааст.

 Ҳадаф аз баргузории ҳафтаи илм ва фановарӣ, ҳимоят аз алоқаи навҷавонон ва ҷавонон ба фановарии рӯз аст ва мусобиқоти мухталифе дар ин ҳафта баргузор мешавад.

 Ин ҳафта бо ташаббуси шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ баргузор ва ба баргузидагон ҳадяҳое ба расми ёдбуд эҳдо мешавад.

 

Барчасп