Май 25, 2021 10:31 Asia/Dushanbe
  • Мирзоҳоҷии Муҳаммад пеш аз ин ба таври расмӣ эълом кардааст, ки аз сиёсат  канорагирӣ кардааст
    Мирзоҳоҷии Муҳаммад пеш аз ин ба таври расмӣ эълом кардааст, ки аз сиёсат канорагирӣ кардааст

Табиб ва узви собиқи Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар русия фаъолият мекард, пас аз бозгашт ба зодгоҳаш ноҳияи Ашти вилояти Суғд боздошт шудааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷӣ, Мирзоҳоҷии Муҳаммади 63 сола дар соли 2015 аз сафи Ҳизби наҳзати исломӣ хориҷ шуд ва аз соли 2017 дар Русия ба унвони табиб фаъолият мекарду борҳо барои дидор бо бастагонаш ба Тоҷикистон омада буд. 

Аммо ахирани вайро, ки бояд барои идомаи кор ба Русияи баргардад, боздошт кардаанд ва ба гуфтаи абди  вакили мудофеъаш Абдураҳмон Додобоев, иттиҳоми ин табиб мушорикат  дар фаъолияти гурӯҳи террористӣ эълом шудааст. 

Мирзоҳоҷии Муҳаммад пеш аз ин ба таври расмӣ эълом кардааст, ки аз сиёсат  канорагирӣ кардааст, аммо акнун мақомоти додситонии ноҳияи Ашт машғули такмили парвандаи ҷиноӣ алайҳи вай ҳастанд. 

Ин табиб бо роҳандозии сафҳаи вижае дар шабакаи Фейсбук бо унвони "тавсияҳо " дар бораи ҷилавгирӣ аз густарши вируси корона машварат медод.

 Пас аз манъи фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар Тоҷикистон бо иттиҳоми иртиботи масъулони он бо кудато аз сӯи муовини вақти вазири дифоъ генерал Абдулҳалим Назарзода, дар Тоҷикистон садҳо нафар аъзои баландпоя ва фаъолон боздошт ва зиндонӣ шуданд,ки ҳамвора ин иттиҳомро рад мекунанд.

 

Бештар бихонед: