Имзои фармони осонсозии воридоти маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба Тоҷикистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони додани сабукӣ ба воридкунандагони маводи ғизоӣ ва сӯзишвориро имзо кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон Агентии давлатии захираҳои моддии Тоҷикистон дастур додааст, ки ширкатҳои воридкунандаи маводи ғизоӣ ва сӯзишвориро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва транзитӣ озод кунанд.
Ҳадаф аз ин иқдом таъмини амнияти ғизоии мардуми Тоҷикистон унвон шудааст, аммо мушаххас нест ки ширкатҳои воридкунандаи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ чӣ ҳаҷм аз ин маҳсулотро метавонанд бидуни пардохти молиёт бар арзиши афзуда, аворизи гумрукӣ ва транзитӣ ба Тоҷикистон мунтақил кунанд.
Аз сӯи дигари номи ширкатҳои воридкунандаи сӯхт, ки аз муъофияти молиётӣ бархӯрдор шудаанд низ эълом нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки нархи маводи ғизоӣ, бензин ва газуиили ахиран дар Тоҷикистон ба шиддат афзоиш ёфтааст чунон ки нархи як литри бензин ва салярка, ки дар аввалҳои соли ҷорӣ 5 сомонию 20 дирам буд дар баҳор ба 8 сомонию 60 дирам ва дар манотиқи дурдаст ба 9 сомонӣ расид.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз барномарезӣ барои воридоти сӯзишворӣ ба арзиши 550 миллион доллар дар соли 2021 хабар дода буданд.
Аз ин мизон 531 ҳазор тонна бензин ва салярка ба арзиши 344 миллион доллар имсол аз хориҷ харидорӣ ва ба Тоҷикистони ворид хоҳад шуд.
Имсол ҳамчунин воридоти 442 ҳазор тонна гази моеъ ба арзиши молии 206 миллион доллар барномарезӣ шудааст.
Дар соли 2020, Тоҷикистон 584 ҳазор тонна маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ворид кардааст, ки 532 ҳазор тоннааш аз Русия мебошад.
Бештар бихонед:
- 17 дарсад аз воридоти Тоҷикистон саҳми сузишвори, гандум ва орд
- Таъкиди раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон бар коҳиши вобастагӣ ба воридоти хурокворӣ