Май 29, 2021 12:08 Asia/Dushanbe
  • Ин 5 нафар соли 2018 дар Русия боздошт шуда буданд
    Ин 5 нафар соли 2018 дар Русия боздошт шуда буданд

Додгоҳи шаҳри Маскав 5 ронандаи таксии тоҷикистониро ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи террористии ДИИШ ба зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Лутфуллоҳ Арабов, Мирзомаҳмуд Мирзоев, Нуруллоҳ Раҷабов, Нуъмон Хоҷаев ва Шодмон Шокировро ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи террористии ДИИШ ва омодасозии тарҳи инфиҷори сохтмони Созмони иттилооти артиши Русия ба 9 то 15 соли зиндон маҳкум кард.  

Гуфта мешавад, ки ин 5 ронандаи таксии тоҷикро фарде ба номи Абуусомаи Норакӣ аз аъзои тоҷикистонии ДИИШ дар Сурия ҷазб ва барои омодасозии ин амалиёти террористӣ тарғиб кардааст.

Ин афрод дар соли 2018 дар Русия боздошт шуда буданд ва ба тозагӣ ҳукми маҳкумияти онон содир шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми бозрасии хонаи ин афрод миқдори зиёде силоҳ ва муҳиммот, маводи тарканда ва наворҳои таблиғотии гурӯҳи террористии ДИИШ кашфу мусодира шудааст.

 

Бештар бихонед: