Май 29, 2021 19:48 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадтоҳир Зокирзода дар нишасти масъулони порлумонии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ(ЭКО) дар Исломобод ширкат мекунад
    Муҳаммадтоҳир Зокирзода дар нишасти масъулони порлумонии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ(ЭКО) дар Исломобод ширкат мекунад

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барои анҷоми як сафари расмӣ вориди Исломобод, пойтахти Покистон шуд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Муҳаммадтоҳир Зокирзода ба даъвати расмии Асад Қайсар, раиси Маҷлиси миллии Покистон барои ширкат дар нишасти масъулони порлумонии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодии ЭКО, ки рӯзҳои 29 май то 4 июн дар Исломобод баргузор хоҳад шуд, ба ин кишвар рафт.

Вайро дар ин сафар Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи умури байналмилал, созмонҳои иҷтимоӣ ва иттилорасонии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунад.

Муҳаммадтоҳир Зокирзода дар ин нишаст бо чанд тан аз раисони порлумонҳои кишварҳои узви ЭКО низ дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

ЭКО як созмони минтақаии давлатӣ аст, ки дар соли 1985 Эрон, Покистон ва Туркия онро бо ҳадафи пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узв таъсис карданд.

Дар соли 1992 ин созмон ҳафти узви ҷадиди Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистонро ба узвият пазируфт.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп