Июн 02, 2021 09:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Душанбе

Намояндагони фаъолони иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон дар нишасте дар Душанбе бар зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, дар ин ҳамоиш, ки дар меҳмохонаи "Ҳайят Реҷенси"-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, намояндагони ҳукӯмати ду кишвар ва беш аз 100 нафар аз фаъолони иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон ширкат ва дар бораи роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисоду тиҷории дуҷониба баҳсу табодули назар карданд.

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфт, ки дар соли 2020 ҳаҷми муомилоти тиҷорӣ бо Узбекистон ба 320 миллиону 800 ҳазор доллар расид, ки ба далели густариши вируси корона дар муқоиса бо соли қабл 6 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи Қодирзода 51 корхона ва ширкати муштарак бо сармоягузории Узбекистон дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Эргаш Шоҳисматов, сафири Узбекистон дар Тоҷикистон низ бо таърихӣ хондани муносиботи ду кишвар дар даврони раёсатҷумҳурии Шавкат Мирзиёев гуфт: «ширкатҳои узбекистонӣ алоқаманд ба сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат ва маодини Тоҷикистон ҳастанд.»

Вай аз ин ки як миллион нафар дар Тоҷикистону Узбекистон дорои иртиботи хешовандӣ мебошанд, ба унвони омили муҳими густариши муносиботи дуҷониба ёд кард.

Фурқат Тиллоев, муовини Идораи сармоягузории вилояти Бухоро низ дар ин ҳамоиш аз омодагии ин минтақа барои содироти худрав ва таҷҳизоти мухталифи ҳамлу нақл ба Тоҷикистон хабар дод ва гуфт, ки маҳсӯлоти узбекистонӣ метавонад ҷойгузини колои чинӣ гардад.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп