Пешбинии афзоиши ҳарорати ҳаво дар бештари манотиқи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i68110-Пешбинии_афзоиши_ҳарорати_ҳаво_дар_бештари_манотиқи_Тоҷикистон
Пешбинӣ мешавад, ки ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба 45 дараҷаи болои сифр бирасад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 02, 2021 19:04 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии афзоиши ҳарорати ҳаво дар бештари манотиқи Тоҷикистон

Пешбинӣ мешавад, ки ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба 45 дараҷаи болои сифр бирасад.

Ба гузориши Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон, коршиносони ҳавошиносӣ эълом карданд, то 5 июн интизор меравад ҳарорат дар манотиқи кӯҳистонии  кишвар то 41 дараҷа ва дар манотиқи ҷанубии кишвар то 45 дараҷа боло равад. 

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон нисбат ба бориши борон ва ҷорӣ шудани сел дар сеюм ва чаҳоруми июн, дар манотиқи Бадахшон, Хатлон ва Суғд низ ҳушдор дод.

Ҳамчунин коршиносони Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Душанбе ҳам тавсия карданд, ки бо тавваҷуҳ ба афзоиши олӯдагии ҳаво, аз тараддуди ғайризарурӣ дар шаҳр худдорӣ кунанд.

 

Бештар бихонед: